Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 773

  Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.10.2021, №442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ» ва тибқи Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаи навбатии Комиссия дартолори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд. Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар  соли 2023 ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

   Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. ҳамчун муовини раиси комиссияи вилоятӣ сухан намуда, дар бораи корҳои иҷрогардида, камбудию муаммоҳои ҷойдошта маълумот пешниҳод намуд.Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо  ҷиҳати татбиқи  «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва пешниҳоди маълумот дар мӯҳлати муқарраргардида ба як қатор сохторҳои масъули вилоятӣ  супоришҳо дод.