Даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин»

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1734

 Тибқи боби 3, банди 13-и нақшаи чорабиниҳои бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 26.05.2021, №274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба Иди «Меҳргон» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Мастчоҳ даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» пуршукӯҳ доир гардид. Боиси қайд аст, ки ҳар сол, дар моҳи октябр бо мақсади фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон озмуни мазкур аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар соли равон низ дар даври вилоятии озмун беш аз 300 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд. Даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» аз рӯи 4 бахш баргузор гардид, ки дар бахши «Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ» - дастаи муассисаи таълимии Литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, бахши «Фаъолияти Нозирони сабз» - хонандаи МТМУ-и №23 ноҳияи Б.Ғафуров Қодирова А., бахши «Ҳимояи рисолаву реферат» - хонандаи МТМУ-и №11 шаҳри Хуҷанд Расулова А. ва дар бахши «Расми беҳтарин» - хонандаи гимназияи №1 шаҳри Бӯстон Иқболшоева Ф. сазовори ҷойи аввал гардиданд.

  Ғайр аз ғолибон, соҳибони ҷойҳои 2 ва 3-юм бо диплому тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуда, гурӯҳи ташаббускори хонандагон оид ба нигаҳдории ҳифзи муҳити зист аз раванди «Нозирони сабз» барои фаъолияти назаррас ва иштироки фаъолона дар озмун, дар маҷмуъ бо 16 адад сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Ба ҳайси доварон сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М. ва роҳбари гуруҳи ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Мамадов И. дохил гардида, ба ғолибони озмуни мазкур Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.