Д
ар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера дар ҳамҷоягӣ бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истиқлол дар кӯчаи марказии шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» -ро гузарониданд. Рафти амалиёт 23 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
