Форуми якуми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2023

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1578

  Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми якуми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2023» бо дастгирии шарикони рушд ва мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид.      Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Форуми мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии рушди Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад ва баҳри амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд. Бояд қайд кард, ки «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон» таҳкими идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи Сирдарё бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба об ва амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиии вобаста ба об ва беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

  Дар форуми мазкур аз 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар минтақаҳои ҳавзаи дарёи Сир ҷойгир мебошанд, хонандагони аъзоёни ҳаракати экологии «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимӣ ва як гурўҳ ҷавонони фаъоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. Фаъолияти онҳо ба беҳтар намудани вазъи экологӣ дар маҳалҳо, баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тавассути баргузории чорабиниҳои маърифатию амалии экологӣ нигаронида шудааст. Дар чорабинӣ ҳамагӣ 300 нафар иштирок доштанд ва тибқи барномаи форум хонандагон аз дастаҳои «Нозирони сабз» бо машқҳои амалӣ ва омӯзишӣ машғул шуда, инчунин ролик ва презентатсияҳои нақшаҳои кории яксолаи худро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Боиси қайд аст, ки ба ҳамаи 11 нафар омўзгорони бо дастаҳои «Нозирони сабз» аз шаҳру ноҳияҳо дар кори форум иштирокдошта, аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Дар маҷмуъ, дар ташкил ва баргузории «Форуми якуми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2023» - Консортсиуми лоиҳаи «Миллии идоракунии захираҳои об» Helvetas ва ACTED, Дафтари минтақавии БРСММ дар вилояти Суғд, Котиботи байналмилалии об ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» саҳм гузоштанд.