Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Масчоҳ

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1644

   Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба муносибати 35 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёси вилоят аксияи «Тозагии соҳил» мунтазам идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ бо иштироки кормандони муассисаву ташкилотҳо, хонандагони коллеҷу муассисаҳои таълимӣ  канали «Тоҷикистони советӣ» аз лою обсабзҳо тариқи ҳашар ва бо истифода аз техника тоза карда шуд.