20 Июнь 2022

Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим

  Дар шаҳри Гулистон, Макази таълимии Бонки миллӣ, дар доираи лоиҳаи минтақавии «Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва идораю ташкилоте, ки бо масоили тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат дар мавзўи «Нақши Барномаи давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим» презентатсия пешниҳод гардид, ки дар доираи он иштирокдорон бо пуррагӣ бо «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шинос карда шуданд. Умуман, мақсади асосии вохўрии иттилоотӣ ин ҳамоҳангсозии фаъолият ва рушди ҳамкорӣ байни мақомот ва сохторҳои давлатӣ, инчунин шарикони рушд буда, бо назардошти пешниҳоди иштирокчиён «Нақшаи амал» барои баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ  ва тақвияти чораҳои пешгирии хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳия карда мешаванд.

Читать далее

Маросими қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ

  Дар толори бинои Раёсати маорифи вилоят маросими супоридани диплому сипоснома бо мукофоту тўҳфаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва сардори сарраёсат ба ғолибони озмуни даври вилоятии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар мавзўи «Оқибатҳои зарари партовҳо, аз он ҷумла партовҳои платикӣ» баргузор гардид. Пеш аз оғоз, бо дастовардҳои хонандагон, ки дар маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагӣ машғул мебошанд, сардори Раёсати маорифи вилоят Набизода М.Р. сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ.-ро шинос карда, ҷиҳати минбаъд васеъ фаро гирифтани иштироки хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳо дар озмунҳои мазкур таклифҳо пешниҳод гардид. Дар маҷмўъ, 10 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Спитамен аз тарафи Кумита ва 15 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Деваштич, ҳамчунин директори Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилоят ва мутахассиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят аз тарафи сарраёсат қадрдонӣ карда шуданд. Диплому сипоснома бо тўҳфаҳо аз ҷониби сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва сардори Раёсати маорифи вилоят, ҳамагӣ ба 27 нафар супорида шуд.

Читать далее

Чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардиданд

  Санаи 15 июни соли ҷорӣ маъракаи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 30 03.2022, №38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» аз 1 апрел то 15 июни соли равон манъ гардида буд, ба итмом расид. Аз тарафи ситод ва кормандони масъули Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ҳамчунин зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои қарори Раиси Кумита ва фармоиши сардори сарраёсат аз 01.04.2022, №22 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» дар ин муҳлат як қатор тадбирҳо андешида шудаст. Баҳри амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанборҳои вилоят, корҳои ташкилию амалӣ роҳандозӣ гардида, ҳамагӣ 256 маротиба амалиёти гуногуни назоратӣ гузаронида шудаст. Дар натиҷа 250 адад санади азназаргузаронӣ ва нисбати ҳолатҳои қўруқшиканӣ 63 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, инчунин 9 адад мавод оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноӣ пешниҳод гардидаст. Ҳамагӣ маблағи зарари пешниҳодгардида 14464 сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин 12 адад хулосаи ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дода шудааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.