Давоми се соли охир Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дошта, дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол ва 4 адад ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров корбарӣ менамояд. Дар ин давра раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимии мазкур ташкил гардида, ҳар сол як қатор чорабиниҳои гуногуни экологӣ бо мақсади рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон гузаронида мешавад.
Вохўрӣ бо омўзгорону донишҷўёни МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ»
Дар доираи гузаронидани омўзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохўрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо беш аз 120 нафар омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ директори коллеҷи мазкур Марҳамзода П., роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Ашӯров Х., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Азиззода С. ва мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Сангинов С. иштирок доштанд.
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аъзоёни ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, минтақаи Туқайи соҳили дарёи Сир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ, ки ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ сукунат доранд, ба миқдори умумии маҳсулоти ғаладонагиҳо - 250 кг ва бастаҳои хошок пошида шуд.
Аксияҳои «Тозагии шоҳроҳ ва соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи тасдиқгашта бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани шафати роҳҳо, манбаъҳои обӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» ва дар ҷамоати деҳоти Сомониён аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои миёнаи таълимии умумӣ ва аҳолӣ фаъолона иштирок намуда, қадди роҳи протоколӣ ва каналу ҷуйборҳо аз алафҳои хушк,зарфҳои пластикӣ ва дигар намуди партовҳо тоза карда шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шоҳроҳ
Тибқи дастуру супоришиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатӣ ҷиҳати тоза нигоҳ доштани қадди шоҳроҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар канори рости шоҳроҳи Исфара –Хуҷанд бо иштироки аҳолӣ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуда, партови бесоҳиб дар масоҳати 0,50 га бартараф карда шуд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.
Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Саломат бошед», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс», «Озодӣ»,«Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Сафина», «Синамо», «Диёр», «7 Ситора» , радиоҳои «Замон», «Пайванд» «Шаҳри ман» дар маҷмӯъ 35 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2023 дастрас гардид.
Страница 4 из 234