Вохӯрии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк В.Н. ва намояндагони ширкати «Днепроэнергосталь»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2284

  Санаи 20 апрели соли 2021 дар толори раёсат вохӯрии  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. бо  Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк В.Н., директори генералии ширкати илмӣ – истеҳсолии «Днепроэнергосталь» Осипенко В.В. ва муовини ӯ Семирягин С.В.  баргузор гардид. Вохӯрии мазкур тибқи барномаи ташрифи ҳайати ширкати «Днепроэнергосталь»-и Ҷумҳурии Украина ба вилояти Суғд ба амал омада, ба масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла вобаста ба пешгирии ифлосшавӣ ва ҳифзи ҳавои атмосфера бахшида шуд. Ширкати номбурда бо истеҳсоли таҷҳизотҳои тозанамоии чангу газ барои корхонаҳои саноатие, ки партовҳои моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера доранд, машғул мебошад. Тибқи нақшаҳои пешбинигардида, то охири соли равон дар ҳудуди КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд якҷоя бо ширкати «Днепроэнергосталь» ташкили корхонаи муштарак, ки чунин таҷҳизотҳоро истеҳсол менамояд амалӣ мегардад.

  Дар рафти вохӯрӣ ғайр аз муаммоҳои вобаста ба ҳифзи ҳавои атмосфера дигар масъалаҳо, аз қабили таъмини шуъбаи назорати таҳлилии раёсат бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон, баланд бардоштани малакаи касбии кормандони раёсат ва тайёр намудани мутахассисони ҷавони экологҳо дар Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Украина, гузаронидани мониторинги экологӣ, имконияти ташкили корхонаи коркарди партовҳои истеъмолӣ, кам кардани ихроҷи чанги корхонаҳои коркарди пахта ба ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист аз нигоҳи стандартҳои Аврупоӣ баррасӣ гардид. Намояндагони ширкати «Днепроэнергосталь»-и Ҷумҳурии Украина оид ба масълаҳои дар вохӯрӣ муҳокимагардида ва барои ҳамкории минбаъдаи мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуданд.