Насби таҷҳизоти сенсории муайянкунандаи сифати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2447

 Ташкилоти Ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо ҳамкории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтаргардонии сифати зиндагӣ бо роҳи огоҳонидани мардум ва пешгирӣ аз ифлосшавии ҳаво»-ро дар минтақаи вилояти Суғд амалӣ гардонида истодааст. Тибқи ин лоиҳа дар марҳилаи аввал якчанд семинар - машваратҳои омӯзишӣ байни ҷавонон гузаронида шуда, зимнан стансияи мониторинги сифати ҳаво ташкил карда шуд. Аз тарафи раиси Ташкилоти Ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Икром Мамадов қайд карда шуд, ки ҳадафи насб ва мониторинги сифати ҳавои атмосфера, ин пешниҳоди маълумоти онлайн оид ба сифати ҳаво барои сокинони шаҳри Хуҷанд мебошад. Нуқтаҳо дар маҳаллаҳои 19, 31, Ватан ва Бофандаи шаҳри Ҳуҷанд насб карда шудааст. Мониторинги 1 моҳа нишон дод, ки нишондодҳо асосан субҳ ва бегоҳ баланд мешавад, ки ин ба ифлосшавии ҳаво аз нақлиёт вобастагӣ дорад.

  Сатҳи ифлосшавии ҳавои шаҳри Ҳуҷанд бо ёрии таҷҳизоти airkaz.org санҷида мешавад, ки онҳо сертификати мутобиқат доранд ва ҳар шахс метавонад аз сомонаи  https://ygpe.tj/air/ маълумот оид ба сифати ҳаво тариқи онлайн аз интернет дастрас намояд. Ин лоиҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоти ҷамъиятӣ амалӣ гардида истодааст. Бино ба маълумоти мутахассиси соҳаи ҳифзи муҳити зист Аскар Абдувалиев ифлосшавии ҳавои атмосфера ё худ олудашавии ҳаво дар натиҷаи ба замин ворид шудани микдори аз ҳад зиёд моддаҳои зараровар аз қабили гази карбон, оксиди карбон, оксиди азот, метан ва хлорфторкарбонҳо ба амал омада, боиси пайдо шудани бемориҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, насби ин дастгоҳҳо (airkaz.org) дар шаҳри Ҳуҷанд барои пешгирӣ аз чунин омилҳо минбаъд шаҳрвандонро хушдор месозад. Насб гардидани 4 адад таҷҳизоти сенсории муайянкунандаи сифати ҳаво дар шаҳри Ҳуҷанд гарчанде барои фарогирии тамоми маҳаллаҳо ва аҳолии шаҳр нокифоя бошад ҳам, лекин аввалин қадами устуворест барои маълумотнок намудани шаҳрвандон оид ба омилҳои ифлосшавии ҳаво ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола дар натиҷаи номусоидии муҳити зист, хусусан ифлосшавии обу ҳаво дар саросари ҷаҳон 1,7 миллион кӯдакони то синни 5 сола мефавтанд.