22-март –Рузи умумиҷаҳонии об

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2620

 Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бори аввал санаи 22 марти соли 1993 ҷашн гирифта шуда буд. Ҳадафи асосии ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани  захираҳои об  мебошад. Имсол мавзӯи асосии Рӯзи умумиҷаҳонии обро «Қадри обро дониста…» пазируфтанд.  Барҳақ, дар замони муосир, ки тараққиёти иқтисодӣ ва зиёдшавии аҳолӣ ва инчунин талабот  рӯз аз рӯз ба об меафзояд, ин мавзуъ саривақтӣ мебошад. Қимати об аз нархи он гаронтар мебошад. Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат маҳсуб ёфта, сарсабзиву шукуфоӣ ва пайдоиши олам ба он марбут аст.

  Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободонӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Тоҷикистони офтобии мо дорои захираҳои тамомнашавандаи он буда, ҳамасола қисми зиёди обҳои равони Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои сарбаафлоки кишвар ҳосил мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.  Ин пешниҳод давоми мантиқии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иқдом  карда шудааст ва бояд гуфт, ки барои боз ҳам баланд шудани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Қобили зикр аст, ки дар Кумитаи дуюми Маҷмааи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи  Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 дар байни 177 кишвари аъзои СММ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба дастрасӣ ба оби нушокӣ ҳанӯз аз солҳои 2000-ум ибтидо мегирад, ки аз тарафи аксар давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, айни замон дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Амалӣ гаштани Даҳсолаи навбатии «Об барои рушди устувор» барои рушди устувори иқтисодиёти сайёра, дастрасии бештари аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ мусоидат хоҳад кард. Барҳақ, кишвари мо саргаҳи обҳои зулоли ошомидании дунё мебошад. Пиряхҳои бешумори куҳсорони мо манбаи бузурги обҳои поканд. 8 фоизи ҳудуди кишварро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки масоҳати умумиашон 11,146 ҳазор км2 буда, дар онҳо тақрибан 845 км3 захираҳои об маҳфузанд. Дар кишвари мо 947 дарё ва 1300 кӯл ба масоҳати 705 км2 вучуд доранд. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Заравшон, Кофарниҳон аз он ҷумлаанд. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз хусуси ҳифзи захираҳои об на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми инсоният хушдор медиҳанд, ки дар андешаи ин мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошем. Яъне норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокинони сайёра аз надоштани дастраси ба об, фавти кӯдаконе дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунанда аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърузаҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегирад. Мо ифтихор дорем, ки сарвати асосии Тоҷикистон захираи оби он мебошад. Пас биёед ҳамагон дар тозаву покиза нигоҳ доштан, ҳифз ва самаранок истифода  бурдани ин боигарии табиат саҳмгузор бошем.