Ошкор намудани шасти барқӣ аз тарафи кормандони Сарраёсат

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1058

   Баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023 сол таҳти № 42 ва фармоиши сардори Сарраёсат таҳти № 16 аз 31.03.2023 сол «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023»  дар давраи  15 рӯзи сеюми манъи сайди моҳӣ баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо дар обанборҳои вилоят 78 маротиба амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин 78 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда, нисбати қўруқшиканҳо 15 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 мавод дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод гардид. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар вақти манъи сайди моҳӣ аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ва кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд шаҳрвандони ноҳияи Б.Ғафуров Ҷумаъев Назирҷон ва Қурбонов Бурҳон дар минтақаи Сумчаки дарёи Сир ошкор карда шуданд. Қонуншиканон бо истифода аз заврақ ва истифодаи олоти манъшудаи сайди моҳи шасти барқӣ (электроудочка) 65 сар моҳиҳоро сайд намудаанд, ки арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 4420 сомониро ташкил дод. Барои андешидани чораҳои қонунӣ маводҳо ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод карда шуд.