Вохӯрии корӣ дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 779

   Дар меҳмонхонаи «Суғдиён» дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об» вохурии корӣ доир гардид. Форум аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиасияи зан ва ҷомеа» ташкил карда шуда, дар он занон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои давлативу назоратӣ иштирок доштанд. Тибқи барнома дар вохӯрӣ оид ба пешбурди фаъолияти Форум , чорабиниҳои гузаронидашуда дар Муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳу Донишкадаҳо, баргузории Рӯзи дарёи Сирдарё, иштироки Форуми занони Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба об дар Ню-Йорк (22-24 март), маълумоти омории финалӣ оид ба нишондиҳандаҳои тендерӣ дар сатҳи ҳавзаи дарёи Сирдарё (маълумот аз сохторҳои давлатӣ – аъзоёни котиботи ФҲЗ), видеоролик дар бораи нақши занон дар қисми тоҷикии дарёи Сир пешниҳоди иштирокчиён гардид. Бояд қайд намуд, ки вазифаи Форуми ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи ҳавзаи Сирдарё ин ҷалби занон ва фаъол гардонидани иштироки онҳо дар қабул ва таҳияи масъалаҳои мубрами соҳа, идоракунии захираҳои обӣ равона шудааст. Форуми ҳавзавии занон инчунин ба раванди иҷроиши барномаи миллии баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ва Стратегияи Миллии Рушд – 2030 мусоидат менамояд.