Машварати корӣ бо гурўҳи кории шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои экологӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 1039

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории зич дошта, дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ, ҳамзамон таҳияи лоиҳаҳои хурд бо гурўҳи кории шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои экологӣ машварати корӣ баргузор гардид. Тибқи нақша, дар соли ҷорӣ чунин чорабинӣ се маротиба пешбинӣ гардида, дар рафти кори вохўрии дуюм намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаи обу корезӣ, кумитаҳои маҳаллӣ ва скинони фаъол иштирок намуданд.

   Дар рафти вохўрӣ ба аъзоёни гурӯҳи корӣ тибқи барнома аз ҷониби намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар бораи муҳим будани баланд бардоштани маърифати экологӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар бораи семинари минтақавӣ «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон як ҳафта қабл баргузор гардида буд, ҳамчунин аз ҷониби намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ дар бораи мониторинги экологӣ ва оид ба таҳияи лоиҳаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои экологӣ, аз тарафи сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» дар бораи нақши ВАО ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ маълумот пешниҳод гардид. Бояд қайд намуд, ки баргузории чорабиниҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва дар татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» саҳми назаррас доранд.