Маъракаи ниҳолшинонӣ ва бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1787

   Дар давоми ду рўз дар ноҳияи Ҷ.Расулов корҳои рў ба беҳдошти муҳити зист нигаронида амалӣ  гардид. Ободии кўчаи протоколии марказ – ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист буда, бо мақсади обод намудани қадди роҳи нақлиётгард аз ҳисоби бахши ноҳия 60 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар харидорӣ карда, якҷоя бо 35 нафар сокинони маҳалла шинонида шудааст. Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 600 нафар намояндагони ташкилоту идораҳо ва аҳолии маҳаллаҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар натиҷа  2,2 километр ҷўйбор тоза гардида, 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шудааст. Баробари ин дар соҳили Исфана – сойи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ду нуқтаи партовҳои бесоҳиб бо истифодаи техникаи махсус бартараф гардид.Ҳаҷми партовҳои бесоҳиби бартарафгардида, дар маҷмўъ 6 метри мукаабро ташкил дод.