Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Мастчоҳ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1790

  Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза намудани ҷўйбору майдонҳои марказ аз хазону баргҳои хушк дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудааст. Дар рафти аксияи мазкур беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои шаҳрак, аз ҷумла омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, як ќатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмўъ, ба масоҳати  47 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд ва ба масофаи 6,6 километр ҷӯйборҳо тоза гардида, ба партовгоҳ 51,4 тонна  партовҳо бароварда шудааст. Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва марказӣ намоиш дода шуд.