Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Category: News Written by Администратор Hits: 1891

  Сарраёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо самимияти беандоза ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии санаи  муқаддаси миллат – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯяд. Боиси хушбахтӣ  ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути райпурсии умумихалқии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсия рукнҳои созандаи мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонида, таъкид намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».Дар ин ҷашни таърихӣ бо як ҷаҳон шукргузорӣ ба Шумо сиҳатмандии комил, осмони софу беғубор, саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно намуда, дар фаъолияти пурмаҳсулу пуршарафатон ва рушду нумӯи кишвари азизамон пирӯзиҳои рӯзафзунро орзу менамоем. Ҷашни муқаддас муборак!