Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Category: News Written by Администратор Hits: 475

  Бо таманниёту фараҳмандии афзун Шуморо бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози миллӣ - 30 умин солгарди соҳибистиқлолии Ватани азизамон  самимона  табрику таҳният гуфта, бароятон  хушбахтиву иқболи нек ва комёбиҳои беназирро таманно дорам. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият омолу орзуи деринаи халқ, неъмати пурқиматтарин, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории кишвари мост, ки  номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расиданд. Дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

  Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд ба ифтихори ҷашни муқаддасу фархундаи тамоми тоҷикону тоҷикистониён табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад. Бигузор бо шарофати ҷашни Истиқлолият пайки шодию нишот ва оромию субот дар кишвари азизамон дучанд гардад ва мардуми сарбаланди мо дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои хеш ба дастовардҳои арзанда мушарраф шаванд ва дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Президенти мамлакат бештар саҳм гузоранд. Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бароятон нуру зиё, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям. Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад!