Ҳашар дар ноҳияи Масчоҳ

Category: News Written by Администратор Hits: 2856

    Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон сокинони дорои касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда истодаанд. Бино ба иттиллои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар кӯчаҳои протоколии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони сояафкануҳамешасабз шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ  идома  дорад.