Ниҳолшинонӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Category: News Written by Администратор Hits: 3148

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «1300  рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф имрӯз дар  майдони кабудизори ҳудуди Раёсат бо иштироки сардори Раёсат ва кормандон ниҳолҳои дарахтони ороишии кастона (каштан) 20 адад шинонида шуд.