Насби баннерхои экологӣ дар шоҳроҳи ноҳияи Ҷ.Расулов

Category: News Written by Администратор Hits: 114

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ва ронандагон  ба масъалаҳои ҳифзи  муҳити зист дар  шоҳроҳи ноҳияи Ҷ.Расулов 4 адад  баннерҳои  дорои мазмуни экологӣ  ва 3 адад навиштаҷот нав карда шуд. Насби чунин баннерҳои иттилоотӣ дар минтақаҳои сераҳолӣ ва канори роҳҳо ҳамчун воситаи таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, ташаккули муносибати масъулиятноки аҳолӣ ба муҳити атроф  ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои экологӣ мусоидат менамояд.