Семинар-тренинг оид ба таҳияи Барномаи маърифати экологӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Category: News Written by Администратор Hits: 51

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаҳои 19-20 октябр  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалии мутахассисон дар самти таҳия, банақшагирӣ, татбиқ ва мониторинги барномаҳои маҳаллӣ оид ба маърифати экологӣ, тағйирёбии иқлим ва ташаккули фарҳанги экологии аҳолӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  ва дастгирии  Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе семинар-тренинг баргузор гардид. Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрухсор Тиллоӣ, намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳринисо Нарзулоева, масъулон аз раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД вилоят,  Раёсати тандурустӣ ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, рўзномаҳои вилоятӣ, телевизиони 7 Ситора, омўзгорон ва донишҷуёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ,  Ташкилоти ҷамъиятии “Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, роҳбарон ва намояндагони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо  иштирок доштанд.

  Пас аз  суханони ифтитоҳӣ «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»муаррифӣ  карда шуда, оид ба  ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки он, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили таҳияи барномаҳои маҳаллӣ, ҷиҳати таҳлили вазъи маърифати экологӣ дар маҳал ва муайян намудани мушкилот, эҳтиёҷот ва гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, натиҷаҳои интизоршавандаи барномаҳои маҳаллӣ, муайян намудани имкониятҳои маблағгузорӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон иштирокчиёни семинар қабули чунин Барномаро мақсаднок ва саривақтӣ арзёбӣ  ва  таклифҳои худро доир ба таҳияи  Барнома пешниҳод намуданд.