Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист

Category: News Written by Администратор Hits: 73

  Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо  ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Рўзи байналмилалии муҳити зист дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифз ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ  ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи  махсус зоҳир карда мешавад.

  Дар ин соли таърихӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза гирифтааст, ки барои табдил додани Ватани азизамон ба кишвари сабз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист кору фаъолияти худро хубтару беҳтар ба роҳ монда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда пурра истифода мебаранд. Рўзи байналмилалии муҳити зистро ба ҳамаи дӯстдорони табиат, табиатистифодабарандагон, собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист табрику муборакбод гуфта, ба шумоён  саодатмандиву  иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин дар фаъолияти меҳнатӣ баҳри ҳифзи табиати бою нотакрори Ватани биҳиштосоямон орзу менамоям. Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!