Агар шумо ронандагонеро мушоҳида намоед, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт партовҳоро ба канори роҳ мепартоянд - лутфан, бо телефони мобилии худ акс гирифта, онро тавассути Telegram ё WhatsApp ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо рақами +992 (99) 666-96-99 ирсол намоед. Аз ҳамаи ронандагон ва мусофирони нақлиётҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро риоя намоед. Зеро тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои риоя накардани талаботи мазкур қонунгузорӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 375 то 750 сомонӣ, ба шахсони мансабдор аз 1125 то 1500 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст. Ҳар як амал муҳим аст! Бо масъулияти шаҳрвандӣ барои тозагии муҳити зисти худ саҳмгузор бошем!