Амалиётхои назоратӣ ҷиҳати ба тартиб даровардани ҷойгиронии партовҳо дар ноҳияи Б.Ғафуров

Category: News Written by Администратор Hits: 906

  Ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ яке масъалаҳои мубрами экологӣ ба шумор рафта, ҷиҳати пешгирӣ ва ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолиятро роҳандозӣ менамоянд. Бо ин мақсад аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ёва, минтақаи сойи Хоҷа - Бақирғон, ҳолати ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ошкор гардид. Аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров Бегматов Эркин бо истифода аз воситаи нақлиёти боркашони шахсии худ, тамғаи «Лабо», партовҳои истеъмолӣ ба наздики сой оварда, партофта шудаст, ки ҳангоми ин рафтори ғайриқонунӣ шаҳрвандро нозирони сарраёсат боздошт кардаанд. Дар натиҷа, нисбати Бегматов Э. Бо моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷаримабандӣ протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон бо мақсади дар ҷояш бартараф намудани ҳолати пайдошавии партовҳои бесоҳиб аз нав ба нақлиёти шаҳрванд бор карда шуд ва ба партовгоҳи расмӣ интиқол гардид. Ҳамчунин, дар рафти амалиёти назоратӣ аз ҷониби нозирони сарраёсат боз як ҳолати ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ошкор карда шуд. Нисбати ин қонунвайронкунӣ низ нисбати 2 нафар шаҳрвандони соҳибони замини, ки бо партовҳо ифлос гардидааст санад ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ёфтаанд. Айни ҳол, тибқи супориши иҷроишаш ҳатмии санади мақомоти ҳифзи муҳити зист партовҳои бесоҳиби ҷамъгардида, ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуда истодааст.