Вазифаҳои асосии шуъба

Category: Шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера Written by Администратор Hits: 5160

    Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ва дигар санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон.

- Истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳавои атмосфера аз ифлосшавӣ ва саршавӣ, инчунин  мақсаднок истифода бурдани  ҳавои атмосфера.

- Банақшагирӣ, таҳия ва гузаронидани чорабиниҳо оиди ҳифзи ҳавои атмосфера, таъмини риояи меъёри ҳифзи ҳавои атмосфера ва партовҳои атмосфера ва бо низом кам кардани моддаҳои ифлоскунанда ба манбаҳои атмосфера.

- Татбиқи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи ҳавои атмосфера.

- Дуруст ба роҳ мондани ҳисоби  партовҳо ба ҳавои атмосфера аз тарафи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо инчунин мавҷудият ва ҳолати асбобу таҷҳизотҳо барои ҳисоби истифода ва сарфи партовҳоро ба атмосфера ва сарфи риояи мўҳлатҳои муқарраргардидаи аттестатсияи давлатии ин асбобу таҷҳизотҳо.