Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!

Category: News Written by Администратор Hits: 1713

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 баён гардид, омодагӣ ба ҷашни сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ  дар мавзӯи «Ҳадафҳо ва дурнамо:  Роҳ ба сӯи ояндаи сабз, баҳри таъмини амнияти экологӣ» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд.

Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти Times New RomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электро-нии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ирсол карда мешавад. Давраи баргузории озмун то 15  августи соли 2024  муқаррар шуда, дар арафаи иди Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст мегардад.