Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Панҷакент

Category: News Written by Администратор Hits: 1210

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо омӯзгорони фанни экология ва хонандагони фаъоли муассисаи таълимии миёнаи умумии № 3 вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд. Хонандагон ва омӯзгорон, кормандони бахш вобаста ба муаммоҳои ҳифзи муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар аксия ва озмунҳои экологӣ баромад намуданд. Дар интиҳо барои ҳамкории доимӣ ва  иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ ба  омӯзгорон ва хонандагони фаъол сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент супорида шуд.