Конфронси илмӣ- амалии «Муҳити солими Замин барои фарди солим»

Category: News Written by Администратор Hits: 6603

Ҳамасола 22 апрел ҳамчун санаи муҳими экологӣ - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар аксарияти давлатҳо қайд карда мешавад. Бахшида ба ин санаи экологӣ, ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, эълон гардидани «Соли 2016 – соли фарди солим» дар КВДК «Кохи матбуот» конфронси илмӣ-амалии «Муҳити солими Замин барои фарди солим» доир гардид. Дар конфронс муовини Раиси вилоят О.Хоҷазода, намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори умум ҳузур доштанд.

Ба самъи  ҳозирин баромади олимон ва мутахассисони соҳавӣ доир ба муаммоҳои муомилот бо моддаҳои кимиёвӣ дар замони муосир пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон иштирокчиён оиди таъсири моддаҳои заҳролудкунанда ба муҳити хокӣ, муаммои воридот, нигоҳдорӣ, истифода ва безараргардонии заҳрдоруҳо дар шароити Тоҷикистон, пеститсидҳо ва зарари онҳо ба микроорганизмҳои муҳити хокҳои хокистарранг, мавқеи экологияи тиббӣ дар ҷомеа, таъсири нуриҳои минералӣ ба муҳити хок, иштироки  ҷавонон дар нигаҳдории  захираҳои замин, муаммоҳои экологии истифодаи моддаҳои кимиёвӣ  баромадҳо ва призентатсияҳо шуниданд.

Раёсати ҳифзи муҳити зист вилоят чун мақомоти ваколатдори давлатӣ барои беҳтар намудани ҷузъҳои муҳити табиӣ тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷроиши талаботҳои Барномаи давлатии экологӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» дар соли равон маҷмӯи конфронсҳои илмӣ - амалӣ, семинарҳо, вохӯриҳо, сӯҳбатҳо ва дигар чорабиниҳоро доир намояд.