Шанбегӣ дар партовгоҳи ш.Бӯстон

Category: News Written by Администратор Hits: 8007

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 16 апрели соли равон дар партовгоҳи КДФ «Хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳри Бӯстон, ҷамоати деҳоти Ғозиён воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки  донишҷӯёни Донишгоҳи кӯҳии металлургии шаҳри Бӯстон, кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят гузаронида шуд.

Дар рафти аксия гирду атрофи партовгоҳ аз партовҳои полиэтиленӣ ба масохати 500 м.кв.  тоза карда шуда,  бо воситаи як адад трактори махсус зиёда аз 300 м.кв. партовҳо  гӯронида шуданд.