Мониторинги экологӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 3435

Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи ноябри соли равон, тибқи нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои вилоятро гузаронида, тағирёбии тамоюли таъсир ба ҳолати фазои атмосфераю манбаҳои обӣ ва дараҷаи радиатсия муайян карда шуд. Дар мавзеҳои Надок-сой ва Навгарзан-сойи ноҳияи Ашт, дар масофаи 150 – 500 метр дур аз сарҳад намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Ҳамзамон мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкунӣ нишон дод, ки нишондодҳо аз консентратсияи ҳадди ҷоиз зиёд нест. Ғайр аз он, дар ноҳияи мазкур фулузоти вазнин дар об ва таркиби намунаҳои хок муайян гардид ва аз меъёр зиёд будани мис (Cu), оҳан (Fe), фтор (F), кадмий (Cd) ва руҳ (Zn) ба қайд гирифта нашуд.

 Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани намунаҳои об аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (4 нуқта), Гулистон (2 нуқта), Ашт (5 нуқта) ва Спитамен (1 нуқта) гирифта, ташхис гузаронида шуд. Дар натиҷа нишондодҳои фулузоти вазнин дар оби дарёи Сир аз меъёри хоҷагии моҳидорӣ зиёд мушоҳида карда нашуд. Натиҷаҳои ченкунии гамма - афканишот нишон медиҳад, ки сатҳи радиатсионӣ дар ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба талаботи мавҷуда мувофиқ мебошад.

    Барои гузаронидани мониторинги ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дарёи Сир асбобҳои ГАНК – 4 (барои чен кардани фазои ҳавои атмосфера), СРП-6801 (барои ченкунии гамма – афканишот) ва LANGE DR 2800 (барои муайян кардани таркиби об ва хок) истифода бурда шуд.