Вохӯрӣ бо маорифчиёни ш.Панҷакент

Category: News Written by Администратор Hits: 3730

Санаи 19 июни соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" дар  толори МТМУ № 71 шаҳри Панҷакент   вохӯрии сармутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  Саидов Х. бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Дар он намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент иштирок доштанд. Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

      Ҳамчунин  дар рафти вохӯрӣ баҳри амали гардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», рушди туризми экологӣ,  муаррифии имконияти сайёҳии шаҳри Панҷакент ибрози ақида карда шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳия 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.