Конфронси “Об омили асосии рушди устувор”

Category: News Written by Администратор Hits: 3956

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, № 487 “Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Об омили асосии рушди устувор” баргузор гардид.

Дар он сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии  Кумитаи ҳифзи муҳити муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита Шукуров И., сардори маркази ахбори экологии Кумита Тиллоева Г., устодону олимони муассисаҳои таълимии олӣ, намояндагони корхонаву муассисаҳо, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони васоити ахбори омма ва алоыамандони соҳа иштирок доштанд.

 Тибқи барномаи семинар презентатсияҳои сармуаллимаи кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» З.Амонова - дар мавзӯи «Иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқилона истифода бурдани сарватҳои обӣ», сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита И.Шукуров бо унвони «Об омили асосии рушди устувори муҳити зист ва системаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», намояндаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят К.Умарқулов дар мавзӯи «Манбаъҳои асосии таъминоти оби полезӣ дар вилояти Суғд»,декани факултети кори фармасевтии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ» М.Улмасов оид ба «Моҳияти физиолого-гигиении об дар организми инсон», докторанти соли якуми МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» М.Каримова дар мавзӯи «Маҷмуаи Умумии СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, роҳ ба суи дарёфти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ», мудири шуъбаи Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилоят Д.Мелибоев дар мавзӯи «Назорати сифат ва таъминот бо оби нӯшокӣ», мудири кафедраи химияи органикӣ-биологии факултети химия ва биологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» Ҳ.Тиллобоев дар мавзуи “Масъалаҳои экологии кули Сарез” пешниҳоди иштирокчиёни конфронс гардиданд.  

    Ҳамзамон аз тарафи намояндагони Кумита иштирокчиёни фаъоли аксияи “Тозагии соҳил”, ки ҳамасола дар миқёси вилоят гузаронида мешавад, аз он ҷумла ҷамоати деҳоти Деҳмои н.Ҷ.Расулов, муассисаи ТМУ №11 н.Ҷ.Расулов, беморхонаи марказии ш.Гулистон, гимназияи №1 ба номи академик Б.Ғафурови ш.Гулистон бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.