Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!

Category: News Written by Администратор Hits: 4900

Бори аввал 5 июни соли 1972 дар шаҳри Стокголм  конфронси махсуси Созмони Милали Муттаҳид созишномаро оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таҳия ва қабул намуд, ки мақсадаш ҷалб намудани диққати ҷомеа ба ин  масъала  буд. Дар Ҷумҳурии мо Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли 2008 ин ҷониб дар сатҳи баланд қайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро тибқи маълумоти мавҷуда онро расман сокинони беш аз 100 давлати дунё таҷлил менамоянд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ҳисобида шуда,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили  экологӣ мебошад.

 Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки иқдоми  навбатии Сарвари давлатамон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 амалӣ гардида истодааст. Дар иртибот бо ин дар Тоҷикистони азизи мо мунтазам чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, конфронсу симпозиумҳо баргузор мегарданд, ки асосан ба тарғибу ташвиқи донишҳои экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, ҳифзу тоза нигоҳ доштани манбаъҳои захираҳои обу хок, олами набототу ҳайвонот равона карда шудаанд.

Тавре, ки дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ хоса таъкид гардид: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем».

Ҳамзамон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад. Хотирнишон сохта мешавад, ки ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад.

Тамоми дўстдорону арҷгузорандагони табиатро ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист табрику таҳният мегўем ва ба ҳама осмони софи беғубор, табиати зебову нотакрор, дар фаъолияташон пирўзиҳо ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.

     Ид муборак ҳамдиёрони азиз!