Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар ДДҲБС Тоҷикистон

Category: News Written by Администратор Hits: 4366

    Бахшида ба «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ваДаҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаҳои  23-28 апрели соли равон ҳафтаи кафедраи маркетинг ва агробизнес баргузор гардид.  Дар доираи ҳафтаи мазкур санаи 25 апрел  мизи мудаввар бо иштироки намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар мавзӯи тарбияи экологии ҷавонон бо донишҷӯён ва устодон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ бобати зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологии вилоят баромадҳо пешкаши дониш-ҷӯён гардиданд.

Ҳамчунин донишҷӯён ва омӯзгорон оиди ҳолати радиатсионӣ ва таъсири он ба саломатии инсон, мониторинги экологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, таъсири корхонаҳои калони саноатӣ ба  муҳити зист ва ҳавои атмосфера, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбати ҳолати экологии минтақаҳо изҳори ақида намуданд. Дар интиҳои вохӯрӣ аз тарафи устодони Донишгоҳи мазкур оид ба дастрас намудани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд. Аз тарафи намояндаи Раёсат  барои истифодабарӣ дар дарси экология диск бо филми ҳуҷҷатии “Тоҷикистон сарчашмаи оби зулол” тақдим карда шуд.