Вохӯрии мутахассисони соҳаҳо бо донишҷӯёни мактаби олӣ

  Бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ - амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти сохторҳо дар толори китобхонаи факултети муҳандисӣ – технологии  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохӯрии намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд бо донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и ихтисосҳои «экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ» ва «истеҳсол, нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ» доир гардид. Дар навбати худ аз тарафи сармутахасиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат дар бораи фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, муаммоҳои экологӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои об, гармшавии иқлим, олами набототу ҳайвонот, қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маълумот доир ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ пешкаши донишҷӯёну устодони иштироккарда гардид.

Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик

  Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар ҷамоати деҳоти Фирузоба ва Пулотон минтақаи болооби обанбори Баҳри Тоҷик сайди ғайриқонунии моҳӣ  дар давраи манъи сайди моҳӣ ошкор карда шуд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони шаҳрҳои Конибодом ва Исфара содир карда шуда, дар маҷмӯъ 41 сар намуди гуногуни моҳӣ мусодира карда шуд. Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 3 ҳазор сомониро ташкил дод. Маводҳо барои чораандешӣ ба прокуратураи шаҳри Конибодом  фиристода шуд.

Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ

  Бо мақсади иҷрои фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 36 аз 29.03.2024 сол ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд«Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2024» аз тарафи кормандони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо гузаронидани амалиётҳо идома дорад. Чунин амалиётҳо дар бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши моҳӣ,бозорҳои марказӣ ва ошхонаю тарабхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, ба маъмурият барои дар давраи тухмгузорӣ ба хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ роҳ надодан амрномаҳо дода шуд. Дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар дохили бозорҳо лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.