Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Зафаробод

 Тибқи нақшаи тасдиқгаштаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зистивилоят дар ноҳияи Зафаробод амалиётҳоиназоратӣ гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани  чунин амалиёт аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат оташ задани партовҳо дар ҳавои кушод аз ҷониби шаҳрванди ноҳия Ҳайдаркулов С. ошкор гардид. Нисбати қонуншикан тибқи талаботи моддаҳои  44  ва 59  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»  протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Зафаробод

 Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз ҷониби мутахассиони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби  Сарраёсат  дар ноҳияи Зафаробод ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ аз партовҳо ошкор карда шуд. Чунин ҳолат аз сабаби наандешидани чораҳои зарурӣ ва бемасъулиятӣ аз тарафи сардори канали ТМ-1-и Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии н.Зафаробод ба миён омадааст. Нисбати сардори канали ТМ-1 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санад  тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд.

Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои  оби Сарраёсат  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  назди соҳили обанбори Баҳри тоҷик ғайрирасмӣ ҷойгир намудани турҳои моҳидорӣ аз тарафи ёрдамчии моҳидори ҶСК  «Таъминоти моҳӣ»  Мусоев Абдусамад ошкор карда шуд. Кирдори мазкур сабаби ифлосшавии манбаъҳои обӣ гардида, нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд. Инчунин санад тартиб дода шуда,  барои дар оянда такрор нашудани чунин қонуншиканиҳо пешниҳодҳои иҷроишашон хатмӣ дода шуд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

 Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон  санаи 6 июли ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати корҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Салимзода Ш., сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Дар навбати худ сардори  Раёсати  корҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Салимзода Ш. оид ба беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои соҳавию давлатӣ ва дигар аснодҳои  назоратӣ супоришҳо дод.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.